Маркази матбуот (Page 3)

Маркази матбуот

Имрӯз, 12 феврали соли 2026 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ҳокимияти судӣ дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода Зариф, муовинон, раисони колегияҳо, судяҳо ва сардорони Раёсатҳои Суди Олӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Дар оғоз Раиси
7-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода ширкат намуданд. Ҷамъомадро раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ кард. Вохӯрии
Санаи 6-феврали соли 2026 дар бинои ШВКД дар шаҳри Нарак аз ҷониби Раиси суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В., бо иштироки прокурори шаҳри Норак Гулмуҳаммадзода Ҷ.С. ва ёрдамчии прокурори шаҳри Норак Каримзода В., нисбат ба 7-нафар ҳуқуқвайронкунандаҳо бо моддаҳои 90 қисми 1, 541, ва 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандаҳо
Санаи 6-феврали соли 2026 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва нақшаи суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В., кормандони дастгоҳи суд ва ёрдамчии прокурори шаҳри Норак Каримзода В., бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Норак вохӯрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ раиси […]
  Руйхати парвандањои оилавие, ки дар моҳи  феврали соли 2026  аз тарафи  суди шаҳри Норак   баррасӣ мегарданд.   Ному насаби даъвогар Ному насаби ҷавобгар Мазмуни даъво Санаи барраси Ному насаби раисикунанда    Ќосимзода Ибодати Баҳром Нисбати шахси манфиатдор Маќомоти васоят ва парастории назди Ҳукумати шаҳри Норак Дар бораи кам кардани синни никоҳӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд. Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад. Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад. Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд. Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.