Табрикот ба муносибати Иди Қурбон

Бо як ҷаҳон эҳтироми холис ва самимияти бепоён, Шумо ва аҳли хонаводаатонро бо фарорасии айёми нуронӣ ва муқаддас — Иди саиди Қурбон аз таҳти дил табрику муборакбод мегӯям!
Иди Қурбон яке аз бузургтарин ҷашнҳои ҷаҳони Ислом буда, рамзи садоқат, фидокорӣ, саховатмандӣ ва раҳму шафқат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:
«Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намуданро тарғиб месозад».
Воқеан, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам омад, то мо анъанаҳои миллӣ ва динии худро озодона ва бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намоем. Ин айёми шариф ба мо дарси ҳамдилӣ, бахшиш ва дастгирии якдигарро меомӯзад.
Аз даргоҳи Худованди Мутаол хоҳонам, ки ба хонадони Шумо сулҳу суботи ҳамешагӣ, хайру баракати фаровон, тансиҳатии комил ва саодати дуҷаҳонро насиб гардонад. Бигзор дар ин рӯзҳои муборак тамоми дуову ниятҳои некатон мустаҷоб гашта, ибодатҳо ва амалҳои хайратон ба даргоҳи Ҳақ мақбул шаванд.
Умедворам, ки нури илоҳӣ ва файзи ин иди саид ҳамеша роҳи зиндагии Шуморо равшан созад ва рӯзгоратонро аз шодию нишот лабрез намояд. Сарбаланду хонаобод бошед!
Иди саиди Қурбон ба Шумо ва пайвандонатон муборак бошад!
Раиси Суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В.
Суди шаҳри Норак 