Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид.

Санаи 25 майи соли ҷорӣ, дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпрокурори ҳарбӣ муҳтарам Фирдавс Ҳаётзода ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси коллегияи ҳарбӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳотам Назар, роҳбарону намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими интизоми ҳарбӣ, риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки риояи талаботи қонун ва оинномаҳои умумиҳарбӣ, тарбияи хизматчиён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан аз вазифаҳои муҳими роҳбарону фармондеҳон мебошад.
Ҳамзамон, масъулони сохторҳои қудратӣ вобаста ба вазъи фаъолияти хизматӣ, корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва тадбирҳои пешгирикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои низомӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Суди шаҳри Норак 