Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаолияти Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дидан намуданд

Санаи 1-июни соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад аз фаъолияти Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шароити муҳайёгардида барои амалисозии адолати судӣ аз наздик шинос гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва дар партави омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳи суд пурра аз таъмир бароварда шудааст.
Суди шаҳри Норак 