МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕ МОҲА ДАР СУДИ ШАҲРИ НОРАК

Санаи 6-апрели соли 2026 дар суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В. бо кормандони дастгоҳи суд фаъолияти се моҳаи судро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва омодагӣ ба супоридани ҳисоботи шашмоҳа дастур доданд.

Зикр гардид, ки фаъолияти Суди шаҳри Норак дар соли 2026 ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баррасии саривақтии парвандаҳо равона гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суд 382 парванда ворид гардида, 279 парванда баррасӣ карда шуда, 103 адад парванда боқӣ мондааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  парвандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардида, қарорҳои қабулшуда ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ мебошанд.

Ҳамзамон, афзоиши парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ аз зиёд гардидани муроҷиати шаҳрвандон ба суд дарак медиҳад, ки ин аз эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди ин, зарурати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти суд, гузаронидани вохирую суҳбатҳо, баромад дар воситаҳои ахбори омма, саривақт баррасӣ намудани  парвандаҳои боқимонда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти судӣ боқӣ мемонад.