Вохӯрии дуҷонибаи Раиси Суди ОлииҶумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил





Санаи 25 майи соли 2026, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаноби Нурбаев Герман Каримович баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур дар доираи сафари хизматии Раиси Суди иқтисодии ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» сурат гирифтааст.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои судӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нақши Суди иқтисодии ИДМ ҳамчун ниҳоди муҳими ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои судӣ-ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокчии ИДМ мубодилаи афкор намуданд.
Дар идома Раиси Суди иқтисодии ИДМ муҳтарам Нурбаев Г.К. бо судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, доир ба масъалаҳои мубрами амалияи судии давлатҳои ИДМ, роҳҳои такмили фаъолияти судӣ ва аҳамияти рушди муколамаи мустақими касбӣ байни судяҳо табодули назар намуда, ба саволҳои судяҳо посухҳои мушаххас баён намуд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва дӯстӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судӣ таъкид намуданд.
Суди шаҳри Норак 