ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 6-феврали соли 2026 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва нақшаи суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В., кормандони дастгоҳи суд ва ёрдамчии прокурори шаҳри Норак Каримзода В., бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Норак вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ раиси суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В., ёрдамчии прокурори шаҳри Норак Каримзода В. ва сардори ШВКД дар шаҳри Норак Талбакзода А.Т., суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Пешвои миллат, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои амалкунанда, қонунҳои миллӣ ва масъалаҳои муҳими рӯз, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, интихоби касб, тарғиби фарҳанги миллӣ, “Шоҳнома”-хонӣ, истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо ба нақша гирифта шуда, дар дигар корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо идома доранд.