Табрикоти Раиси Суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Ҳамватанони азиз ва ҷавонони саодатманди Ватан!
Бо камоли эҳтиром, ифтихор ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо — насли созанда, нерӯи пешбаранда ва ояндасози кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯям. Ба ҳар яки Шумо , пеш аз ҳама, саломатии бардам, бахту саодати ҷовидонӣ, рӯҳбаландии ҳамешагӣ ва дар роҳи хидмат ба Ватани маҳбубамон зафару комёбиҳои беназир таманно дорам.
Ҷавонӣ зеботарин, пурталотумтарин ва ҳассостарин марҳалаи ҳаёти инсон аст. Ин давраи ҷустуҷӯҳо, ташаккули шахсият, фатҳи қуллаҳои илму дониш ва амалӣ намудани орзуҳои бузург мебошад. Хеле рамзист, ки дар кишвари мо ҷавонон ҳамчун сипари боэътимод, мояи ифтихор ва сарвати бебаҳои давлат эътироф шудаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон такя мекунад ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки худ медонад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — аз корхонаҳои саноативу сохтмонҳои аср сар карда, то соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг ва сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд. Шумо бо дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ исбот месозед, ки ворисони ҳақиқӣ ва арзандаи ин замину ин миллати куҳанбунёд ҳастед. Варзишгарони ҷавони мо бошанд, бо ба даст овардани ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон баланд бардошта, шарафи ватанро ҳифз менамоянд.
Ҷавонони азиз! Асри XXI асри технологияҳои наву муосир, асри илму маърифат ва рақобатҳои шадид аст. Дар чунин шароит бар дӯши Шумо вазифаи хеле масъулиятнок — ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигоҳ доштани сулҳу субот, арзишҳои миллӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон меистад. Ҳеҷ гоҳ аз омӯхтани илму ҳунар, касбҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ хаста нашавед. Кӯшиш кунед, ки ҳамеша дар сафи пеши бунёдкорӣ ва созандагӣ бошед.
Бигзор, оташи ҷавонӣ, ғайрату матонат ва ишқи Ватан дар қалбҳои Шумо ҳеҷ гоҳ хомӯш нагардад! Шумо оянда ва умеди ин миллатед!
Рӯзи ҷавонон муборак, созандагони ояндаи дурахшони Тоҷикистон!
Суди шаҳри Норак 