Таҷлили Рӯзи модар дар Суди шаҳри Норак




Бахшида ба Рӯзи модар дар Суди шаҳри Норак чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз ба бонувон ҳамчун рамзи эҳтиром гулҳои баҳорӣ ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Раиси суд Ҳамдамзода А.В., зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, нақши занону модаронро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи чорабинӣ Судя Назарзода Зафар ва сардори Бахши Хадамоти Иҷро Ализода Раҷаб бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуданд.
Суди шаҳри Норак 