РАИСИ СУДИ ОЛӢ БО КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СУДИ НОҲИЯИ ПАНҶИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШИНОС ГАРДИД
Санаи 8 майи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз фаъолияти суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон корҳои таъмири асосӣ амалӣ гардида, ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳи суд пурра аз таъмир бароварда шудааст.
Фароҳам овардани шароити муносиб ва пояҳои зарурӣ ҷиҳати фаъолияти самараноки ҳокимияти судӣ, инчунин таъмин намудани дастрасии фарогири шаҳрвандон ба адолати судӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар таҳким ва рушди низоми судӣ нақши муҳим дорад.

Суди шаҳри Норак 