ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» ДАР ШАҲРИ НОРАК ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар асоси фармони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад аз 1 апрели соли 2026, №19 ва Амри раиси шаҳри Норак аз 15 апрели соли 2026 «Дар бораи баргузор намудани озмун бахшида ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон миёни хонандагони синфҳои 8–9 ва 10–11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Норак озмуни шаҳрии «Тоҷикон дар оинаи таърих» баргузор гардид.
Санаи 14 майи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак маросими тантанавии ҷоизасупории озмуни мазкур баргузор шуд.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода Абдуманон Максуд, муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик мусоидат менамояд.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии мазкур бо ибтикор ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар якҷояги бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии хонандагон, инчунин арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона карда шудааст.
Суди шаҳри Норак 