МУАРРИФИИ КАДРИ НАВТАЪИН

Имрӯз, 25 феврали соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ маҷлиси тантанавӣ вобаста тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ баргузор гардид.

Эълон гардид, ки бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврали соли ҷорӣ Завқизода Солеҳ Амин бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Бобохонзода Асомуддин директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Ба муҳтарам Завқизода С.А. барои саҳми арзандааш дар таълим ва баланд бардоштани иқтидори судяҳо изҳори сипос баён гардида, ба Директори навтаъйин дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият орзу карда шуд.