Иштироки кормандони Суди шаҳри Норак дар «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ»
Дар шаҳри Норак чорабинии оммавии варзишӣ таҳти унвони «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» бо иштироки раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, иштирокчиён бо эҳсоси ифтихор аз фазои сулҳу субот ва оромии кишвар дар он фаъолона ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки маҳз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим боис гардидааст, ки имрӯз варзиш ба яке аз самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёбад.
Таъкид шуд, ки варзиш омили муҳими таҳкими саломатии аҳолӣ, тарбияи ҷисмониву маънавии ҷавонон, инчунин василаи муассири баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас мебошад.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо руҳияи баланд масофаи муайяншударо тай намуда, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Норак далели таваҷҷуҳи махсус ба солимии ҷомеа, таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.


Суди шаҳри Норак 