Имрӯз, 30-юми январи соли 2026 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Ш. оғоз бахшида, ҳамзамон номбурда изҳор дошт, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои рушди устувори давлат буда, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд.