ДАР ШАҲРИ НОРАК БО МАҚСАДИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД


7-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода ширкат намуданд.
Ҷамъомадро раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ кард.
Вохӯрии мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Зимни суханронии худ муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло атрофи масъалаҳои таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таҳкими арзишҳои миллӣ, риояи расму оини миллӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва муқовимат бо падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ибрози назар кард.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон аз сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Норак изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи усулҳои таъсирбахши «Хона ба хона», «Кӯча ба кӯча», «Мактаб ба мактаб» ва «Маҳалла ба маҳалла» дар болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ нақши муассир дорад.
Аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки чунин усулҳо бояд минбаъд низ бо ҷалби фаъолон, омӯзгорон, имомхатибон ва сохторҳои дахлдор тақвият ёбанд.
Ҳамзамон, меҳмонон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳу тавзеҳ дода, аз масъулин иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақозо намуданд.