Шанбегии навбати дар суди шаҳри Норак таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”
Тозагӣ ва ободонӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Муҳити тоза на танҳо ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад, балки сатҳи фарҳангу маърифати моро низ инъикос мекунад. Аз ин рӯ, баргузор намудани шанбегиҳои дастаҷамъона як иқдоми муҳим дар самти нигоҳдории тартибу низом ва ободонии муҳити корӣ мебошад. Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки дар ҳудуди Суди шаҳри Норак шанбегии таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” баргузор намоем. Ҳадафи асосии ин иқдом – тоза ва ороста нигоҳ доштани бинои суд, саҳни суд ва гирду атрофи бино мебошад.
Дар доираи шанбегӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:
· тоза намудани дохили бино ва ҳуҷраҳои корӣ;
· ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо;
· сабзкорӣ ва шинонидани 700 адад гул ва ниҳолҳои мавсимӣ.
Ҳар яки мо бояд дар ин кор саҳми худро гузорем, зеро муҳити кории тоза ва озода ба фаъолияти босамар ва рӯҳияи хуби кормандон мусоидат мекунад. Инчунин, чунин тадбирҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба муҳити зистро дар байни кормандон тақвият мебахшанд. Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши якҷоя мо метавонем муҳити Суди шаҳри Норакро боз ҳам зеботар ва намунавӣ гардонем.

Суди шаҳри Норак 