АНДЕША:ОИЛА КАЛИДИ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ. БАХШИДА БА – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

Имрӯз мо дар остонаи ҷашне қарор дорем, ки барои ҳар як инсони соҳибхирад муқаддас аст — Рӯзи байналмилалии оила. Оила дар фарҳанги миллии мо, тоҷикон, калиди бақои миллат, сарчашмаи тарбия ва асоси пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Раҳнамои мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Оила унсури асосии ҷомеа буда, қудрати давлат ва устувории ҷомеа аз он вобаста аст».
Ҳамчун намояндагони мақомоти судӣ, мо ҳар рӯз бо қисматҳои гуногуни инсонӣ ва ҳаёти оилавӣ рӯ ба рӯ мешавем. Аз ин рӯ, нақши суд дар ин самт танҳо аз содир кардани ҳукм ва ҳалномаҳо иборат нест. Вазифаи асосӣ ва рисолати инсонии мо — ҳифзи ниҳоди оила, устувор нигоҳ доштани он ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакону занон мебошад.
Парвандаҳои оилавӣ аз судяҳо на танҳо дониши баланди ҳуқуқӣ, балки сабру таҳаммул ва маҳорати баланди равониро талаб мекунанд. Вақте ки зану шавҳар бо аризаи бекор кардани ақли никоҳ ба суд муроҷиат менамоянд, мо пеш аз ҳама кӯшиш мекунем, ки сабабҳои аслии низоъро фаҳмем. Тибқи қонунгузорӣ, таъин кардани муҳлат барои оштӣ додани тарафҳо (то 6 моҳ) яке аз фишангҳои муҳимтарини мост. Дар ин муҳлат мо на танҳо ҳуҷҷат менависем, балки кӯшиш мекунем, ки падару модарро ба хотири ояндаи фарзандонашон ба созиш орем. Зеро ҳеҷ як кӯдак набояд аз меҳри падар ё модар маҳрум гардад.
Дар баробари ин, судҳо дар ҳалли баҳсҳои алиментӣ, тақсими молу мулки муштарак ва маскун кардани зану кӯдак ҳамеша мавқеи адолатро ишғол менамоянд, то ягон узви оила, махсусан табақаҳои ниёзманд, бе ҳимояи ҳуқуқӣ ва моддӣ намонанд.
Ҳанӯз аввали солҳои 80-уми асри гузашта СММ ба масъалаҳои оилавӣ диққати бештар медод. Соли 1983, баъди тавсияи комиссия оид ба рушди иҷтимоӣ, шурои иқтисодию иҷтимоӣ дар қарори худ нақши оиларо дар рушди ҷомеа таъкид карда, аз Дабири кулли СММ хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати ба миён гузоштани проблемаю эҳтиёҷоти оила ва роҳҳои самарабахши қонеъ гардондани он мусоидат кунад. Соли 1987 Ассамблеяи генералии СММ ҳамаи давлатҳоро даъват кард, ки дар бораи имконияти эълон кардани Соли байналмилалии оила фикру мулоҳизаҳои худро баён созанд.
9-уми декабри соли 1989 Ассамблеяи генералии СММ соли 1994-ро — Соли байналмилалии оила эълон кард.
Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа нигаҳбони арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ва идомаи таърихии наслҳо, омили субот ва рушд буд ва боқӣ мемонад. Ба шарофати оила давлат мустаҳкам шуда, тараққӣ мекунад, дараҷаи некуаҳволии халқ баланд мешавад.
Дар ҳама давру замон рушди кишвар аз рӯи мавқеи оила дар ҷомеа ва муносибати давлат ба он арзёбӣ мешуд. Ҳаёти инсон аз оила оғоз мешавад ва дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун шаҳрванд ташаккул меёбад. Оила сарчашмаи меҳр, эҳтиром, ҳамбастагӣ ва муҳаббат аст, чизе, ки ҳар ҷомеаи мутамаддин бар пояи он бунёд мешавад ва бидуни он инсон вуҷуд надорад. Мақсади асосии оиларо метавон таваллуд ва тарбияи фарзанд донист. Дар оила фарзанд муоширати байни одамон, меҳру муҳаббатро меомӯзад. Тавассути оила хирад ва дониш аз насл ба насл мегузарад.
Тоҷикистон, ҳамчун узви фаъоли СММ, Рӯзи байналмилалии оиларо дар сатҳи баланд таҷлил менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо бақои давлат дониста, ҳамчун пойдевори тарбияи насли наврас нисбат ба ин масъала ғамхорӣ мекунад. Дар ҳоле ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро — Соли оила эълон намуда буданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба дастгирии оилаҳо ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд. Дар ин робита, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ якчанд санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила».
РАИСИ СУДИ ШАҲРИ НОРАК                                                                                              ҲАМДАМЗОДА А.В.