Раиси суди ш. Норак вобаста ба ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРУИ БАРҚ АСОСИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
Дар замони соҳибистиқлолӣ, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ, корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҳамзамон ҳадафҳои стратегии кишвар муайян гардиданд.
Яке аз чунин ҳадафҳои миллӣ — Истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми энергетикии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир, аз ҷумла навсозиву барқароркунии иқтидори истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд.
Коршиносони соҳаи энергетика бар ин назар ҳастанд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки нисбат ба истифодаи дурусти неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Таи соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он зина ба зина бардошта шудааст. Ин вазъ боис шуд, ки баъзе аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид роҳ медиҳанд. Чунончи, истифодаи нодурусти асбобҳои гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба буҷети теъдоди зиёди хонаводаҳо таъсири манфии худро расонид.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».
Имрўз шукронаи истиқлолият бояд кард, зеро дар замони истиқлолият зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Сохтани нерўгоҳҳо боиси пешравии иқтисодиёту иҷтимоиёт мегардад. Мо худ шоҳидем, ки дар аввали рўзҳои соҳибистиқлоли зимистонҳо нисфи аҳолии кишвар ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд. Имрўз хушбахтона, ҳама ба қувваи барқ таъмин аст ва моро зарур аст, ки онро сарфакорона истифода намоем, инчунин, миёни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зикр намуданд, ки «Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан, маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меоварем.».
Дар ин радиф аҳолии кишварро зарур аст, ки самаранок истифодабарии неруи барқро ба роҳ монда, дар натиҷа ба буҷаи оилаи худ фоида ва эҳтиром ба дигар истифодабарандагони неруи барқро ба ҷо оваранд. Барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ, истифодаи қонунии он, нишонаи маданияти баланди қарзи шаҳрванди мебошад.
Бо назардошти хунукназарӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар миёни шаҳрвандон ва соҳибкорон, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад. Моддаи нави иловашуда аз се қисм иборат мебошад.
Мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо(яъне баробар ба 27 375 сомони то 41025 сомониро ташкил медиҳад), инчунин маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се солро пешбини менамояд.
Тибқи қисми 2 моддаи мазкур, ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда (баробар ба 90 000 сомони)барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3 ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ, мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи мазкур (ба истиснои қисми 3) пешбинишуда агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад.
Ҳамзамон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар моддаи 382 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда шуд.
Мувофиқи моддаи мазкур, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ (баробар ба 2250 сомони), ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад (баробар ба 22 500) нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.
Як нуктаи дигар низ хеле муҳим аст, яъне сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намояд ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт-соат неруи барқи барои ҳама зарурӣ роҳ надиҳанд.
Мақсади асосии пурзур намудани ҷавобгарӣ, барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, таҳти ҷазо қарор додани шаҳрвандон набуда, танзими дурусти ҳуқуқии онро талаб менамояд.
Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз роҳҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Ҳар як шахс, хоҳ дар хона ё коргоҳ, метавонад бо амалҳои хурд, вале босамар дар ин раванд саҳм гузорад. Вақти он расидааст, ки мо ба барқ ҳамчун сарвати миллӣ муносибат кунем ва барои ояндаи фарзандонамон онро оқилона истифода барем.