ИСТИҚЛОЛИЯТ – ПОЯИ ВАҲДАТ Зафар НАЗАРЗОДА, судяи Суди шаҳри Норак

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ПОЯИ ВАҲДАТ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин неъмати бебаҳо бо заҳматҳои чандинсола, ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз ва таъмин гардидааст.

Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил диҳем».

Ин суханони пурҳикмат мазмуни аслии истиқлолиятро ифода намуда, барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун дастури амал хизмат мекунанд.

Истиқлол на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки нишонаи худшиносӣ, ваҳдат ва якпорчагии кишвар мебошад. Таърихи навини Тоҷикистон собит сохт, ки бидуни иттиҳоди миллӣ ва сулҳи пойдор наметавонем истиқлоли воқеиро ҳифз намоем. Ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ки кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, намунаи равшани онанд.

Дар он рӯзҳои сангин, вақте сарнавишти давлату миллат зери хатар қарор дошт, Пешвои миллат бо ҷасорат, иродаи матин ва ҷонибдории халқ тавонистанд сулҳу суботро дар кишвар барқарор созанд. Ин воқеият собит намуд, ки пояи аслии истиқлол маҳз ваҳдати миллӣ аст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик тавонист бо заҳмати пайгирона ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлат дар тамоми соҳаҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақил, дорои сиёсати сулҳҷӯёна ва боэътимод шинохта шудааст. Ободию шукуфоӣ, бунёди роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, иншооти маорифу тандурустӣ ва рушди иқтисодии кишвар натиҷаи мустақими истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардид. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким ёфт.

Бо дарназардошти он, ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид, марҳалаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз ёфт. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолат ба таври мушаххас муқаррар карда шуданд.

Дар робита ба ин масъалаҳо бояд таъкид кард, ки Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамият ва нақши хоси ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки заминаи онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Ҳамаи ин аснод ба тақвияти фаъолияти мақомоти судӣ равона гардидаанд. Ҳамчунин, Истиқлоли давлатӣ барои мақомоти судӣ имконият фароҳам овард, то фаъолияти онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ гардида, адолати судӣ дар сатҳи баланд таъмин карда шавад.

Ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳ аст. Судяҳо ва мақоми судӣ низ ҳамчун ниҳоди ҳифзи қонун ва адолат масъулияти бузургро дар роҳи таъмин ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бар дӯш доранд. Танҳо бо риояи қонуният, адолати судӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мо метавонем дастовардҳои истиқлолро ҳифз намуда, дар таҳкими ваҳдату худшиносӣ саҳми арзанда гузорем.

Зафар НАЗАРЗОДА,
судяи Суди шаҳри Норак