Вохурӣ бо маҳкумшудаҳо дар муассисаи ислоҳии 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 5-августи соли 2026, дар бинои муассисаи ислоҳии 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муҳим доир гардид.
Дар ин чорабинӣ Раиси Суди шаҳри Норак Ҳамдамзода А.В., намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Ҳ., намояндаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангалиев М. ва муовини сардори СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдзода Ф.Н. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавзӯъҳои асосии суҳбат:
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ: Шарҳи қонунҳои ҷорӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои маҳкумшудагон.
- Ҳифзи арзишҳои оилавӣ: Нақши зан ва оила дар ҷомеа ва солимгардонии ҳаёти шаҳрвандон.
- Пешгирии экстремизм ва хурофот: Фаҳмондани исломи ҳақиқӣ ва дурӣ аз ғояҳои тундгароёна.
- Ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон: Омода намудани онҳо барои ҳамгироии дубора ба ҷомеа пас аз озодӣ.
Иштирокчиёни вохӯрӣ бо маҳкумшудагон суҳбати ошкоро анҷом дода, ба саволҳои ҳуқуқӣ ва динии онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Чунин чорабиниҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нақши муҳим мебозанд.
Суди шаҳри Норак 