РАВАНДИ ОБОДОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СУДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

 

Санаи 3 августи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад аз фаъолияти суди шаҳри Турсунзода ва раванди корҳои таъмиру ободонӣ дар бинои суд шинос гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди шаҳри Турсунзода корҳои таъмири асосӣ амалӣ гардида, ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳ таҷдид гардидаанд. Ҳамзамон, корҳои сохтмонии биноҳои ёрирасон, аз ҷумла ошхона, анборхона ва мошинсарой идома доранд.

Раиси Суди Олӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти самараноки суд ва қабули шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.