НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026



Имрӯз, 21 июли соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва тибқи Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2026 доир карда шуд.
Дар кори нишаст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода Зариф, роҳбарияти Суди Олӣ, раисони коллегияҳои судӣ, судяҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории Суди Олӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. зимни суханронии худ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳокимияти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2026, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти судҳо, тадбирҳои амалишуда дар самти таҳкими низоми судӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва рушди рақамикунонии фаъолияти судҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зимни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои гуногуни марбут ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои муфассал ва асоснок гирифтанд.
Суди шаҳри Норак 