ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНС АЗ БИНОИ СУДИ ОЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪРИХӢ ДИДАН НАМУДАНД

Имрӯз, 16-уми июли соли 2026 дар заминаи анҷоми конфронси байналмилалӣ судяҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Белорус ва Федератсияи Русия ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Иштирокдорон аз шароиту имкониятҳои бинои Суди Олӣ, толорҳои маҷлиси судӣ ва пленуми Суди Олӣ, инчунин, осорхонаи Суди Олӣ ва Маркази рақамикунонии мақомоти судӣ аз наздик шинос шуда, ба тадбирҳои андешидашуда ва имкониятҳои фароҳамовардашуда баҳои баланд доданд.
Сипас меҳмонон бо мақсади шиносоии бештар аз фарҳангу тамаддуни таърихии миллати тоҷик аз толорҳои боҳашамат ва нодири Нарӯзгоҳ, Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии шаҳри Ҳисор» ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дидан намуда маълумоти бештарро соҳиб гардиданд.
Суди шаҳри Норак 