БЕҲТАРСОЗИИ ШАРОИТИ КОРӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

 

 

7 августи соли 2026, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо фаъолияти суди ноҳияи Рӯдакӣ ва раванди корҳои таъмиру ободонӣ дар бинои суд шинос гардид.

Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, инчунин ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмири асосӣ ва ободонӣ анҷом дода шудаанд.