БАРГУЗОРИИ КОНФОРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА ҲУҚУҚИ ЗАНОН

15-уми июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат” баргузор гардид.
Кори конфронси байналмилалиро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш вобаста ба мавқеъ ва ҷойгоҳи хосӣ занонро дар ҳокимияти судӣ зимни баамалбарории адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.
Сипас Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Абдуллозода З.Ф., Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳимзода Д.Р., намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бухоризода С.М. ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода М.Р. инчунин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баромадҳои хеш нақши судя-занонро дар таъмини баробарии ҳуқуқи занону мардон ва манъи табъиз, ҳамзамон талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини баробарии гендерӣ ибрози ақида намуданд.
Дар кори конфронси байналмилалӣ намояндагони судҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Халқии Хитой, Белорус ва Федератсияи Россия иштирок намуда оид ба рушди низоми адолат вобаста ба баробарии гендерӣ, рақамикунонии раванди мурофиаи судӣ ва таъсири он ба дастрасӣ ба адолати судӣ, таҳкими иқтидори занон-судяҳо дар ин самт ва баланд бардоштани эътимод ба адолати судӣ дар парвандаҳои марбут ба табъиз сухарнонӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ намуданд.
Намояндагони мақомоти давлатӣ аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қабули санадҳои қонунгузорӣ ва ҷорӣ намуддани таҷриба оид ба манъи табъиз ва таъмини баробарии ҳуқуқи занону мардон баромадҳо намуданд.
Дар фарҷоми конфронси мазкур иштирокдорон атрофи масъалаҳои муҳими рӯзнома, маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба самъи ҳозирин ироа намуданд дар охир қатътнома қабул намуданд.
Суди шаҳри Норак 