ҶАЛАСАИ ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 24-уми июли соли 2026 маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳайати Суди Олӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими амалияи судӣ, таъмини татбиқи якхелаи меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, такмили равандҳои мурофиаи судӣ ва таҳкими қонуният дастурҳои тавзеҳотӣ қабул намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома маърӯзаҳои дахлдор шунида шуда, вобаста ба онҳо андеша ва пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани масъулияти касбии судяҳо ва татбиқи якхелаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар амалияи судӣ равона карда шуд.

Дар натиҷаи кори маҷлис 12 адад қарори Пленум, оид ба амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории Суди Олӣ таҳия гардидаанд, қабул карда шуданд, ки дар онҳо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти судҳо, мутобиқсозии амалияи судӣ ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ тавзеҳоти дастурӣ дода шуданд.

Маҷлиси Пленуми Суди Олӣ дар фазои корӣ ва созанда баргузор гардид. Қарорҳои қабулгардида ба рушди минбаъдаи низоми судӣ ва таҳкими адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.